19-05-2022
Advertisement Banner
  • главная-АСОСӢ
  • произведение-АСАРҲО
    Ид

    Ид

    Умри рафта

    Умри рафта

    Сирри лаззат

    Сирри лаззат

    Гиряи лолаҳо

    Гиряи лолаҳо

    Оташи вақт

    Оташи вақт

  • пейзаж-МАНЗАРА

    САДОИ КӮҲ

    ДАР ОҒӮШИ ДАРЁ

    ДАР ОҒӮШИ ДАРЁ

    БАҲР ДАР ДОМОНИ КӮҲ

  • О НАС- дар бораи мо
    Дастоварди Далер Миҳточов дар Озмуни байналмилалиӢ

    Автобиография ДАЛЕРА МИХТОДЖОВА

    Дастоварди Далер Миҳточов дар Озмуни байналмилалии Плакатҳои иҷтимоӣ «Ҳозир» («Сейчас») дар Минск

    Biography of DALER MIKHTODZHOV

    Дастоварди Далер Миҳточов дар Озмуни байналмилалиӢ

    Ҳолномаи рассом

    Ростӣ инсонро ба мурод мерасонад

    Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

    Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

    Дар сафорати Франсия асарҳои рассоми тоҷикро намоиш доданд

  • Выставка-НАМОИШ
No Result
View All Result

DalerArt
No Result
View All Result
Home ДАР БОРАИ МО

«Асрори азалро на ту дониву на ман…»- намоиши асарҳои рассом Далер Миҳтоҷов

Dalerart by Dalerart
16.07.2021
in ДАР БОРАИ МО
0
«Асрори азалро на ту дониву на ман…»- намоиши асарҳои рассом Далер Миҳтоҷов
0
SHARES
22
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов панҷумин намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми муваффақи тоҷик Далер Миҳтоҷов дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи намоиш Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзода зикр кард, ки «бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои рассомон дар мамлакат майдони фарохи эҷодӣ муҳайё шуд. Сокинон ва меҳмонони кишвар бо офаридаҳои онҳо шинос шуда, таассуроти хешро нисбат ба зебоиҳои дунёи инсон ва табиат бою ғанӣ мегардонанд».
Дар намоиш ҳамчунин таъкид гардид, ки асоси офаридаҳои ин рассом аз эҷодиёти шоирони классики тоҷику форс сарчашма гирифта, дар онҳо муаммоҳои имрӯзаи ҷомеа тасвир ёфтаанд, ки бешубҳа, арзиши баланди тарбиявӣ доранд.
Дар намоиш, ки таҳти унвони «Гулбоғи Хайём» доир гардид, асарҳои нави рассом бо илҳом аз эҷодиёти Умари Хайём пешниҳоди дӯстдорони санъат гардиданд. Инчунин асарҳои эҷоднамудаи рассомон ва донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов дар зери рубоии машҳури Хайём-«Асрори азалро на ту дониву на ман…» ба маъраз гузошта шуданд.
Меҳмонони зиёд аз асарҳои офаридаи ин ҳунарманди соҳибистеъдод дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Тавре мушоҳида шуд, дар асарҳои ин марди ҳунар бештар паҳлӯҳои зиндагии ҳаррӯзаи мардум, ки одамон ҳамарӯза бо он рӯ ба рӯ мешаванд, инъикос ёфта, ҷанбаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Тамошобинон аз дидани ҳар як асари офаридаи мавсуф як ҷаҳон баҳра гирифтанд.
Ҷонибек Асрориён, фарҳангшинос аз тамошои ин намоиш таассуроташро чунин баён намуд: «Дар бештари асарҳои ин рассом тақдири имрӯза ва ояндаи инсоният тавассути рангҳо ифода меёбад ва некию бадӣ дар маркази тасвирҳои нозук қарор мегиранд. Дар як тасвири рассом дидам, ки кӯзае дар берун асту кӯзае даруни қафас, ки ин андешаи ғуломонаро маҳкум мекунад. Дар маҷмӯъ Далер Миҳтоҷов ҳикмати фалсафии Хайёмро дар як намунаи ҳунари миллӣ хеле хуб кушодааст».
Ин ҳунарманд дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамояд. Мазмуну мундариҷаи асарҳояшро масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили нафрат ба ҷанг, таҳаммулгароӣ ва тараҳҳум ба инсон, сулҳу субот ва дӯстиву ҳамкорӣ ташкил медиҳанд.
Аз интихоби рангҳо бармеояд, ки рассом тарғибгари сулҳу субот ва ваҳдати комили инсонҳо мебошад.

http://www.sinamo.tv/?q=node/459

Previous Post

Ростӣ инсонро ба мурод мерасонад

Next Post

Дар сафорати Франсия асарҳои рассоми тоҷикро намоиш доданд

Dalerart

Dalerart

Next Post

Дар сафорати Франсия асарҳои рассоми тоҷикро намоиш доданд

Discussion about this post

  • главная-АСОСӢ
  • АСАРҲО
  • МАНЗАРА
  • ДАР БОРАИ МО
  • НАМОИШ
Телефон: +992 917-63-79-26

© 2021 Художник - All rights reserved Photo.

No Result
View All Result
  • главная-АСОСӢ
  • произведение-АСАРҲО
  • пейзаж-МАНЗАРА
  • О НАС- дар бораи мо
  • Выставка-НАМОИШ

© 2021 Художник - All rights reserved Photo.