Дирӯз дар Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон намоиши асарҳои рассоми ҷавон ва муваффақи тоҷик Далер Миҳтоҷов бо номи «Асрори кӯзаҳо» баргузор гашт. Дар намоиш зиёда аз 25 ҳунари наққошӣ дар асоси муҳтавои ашъори Умари Хайём манзури тамошобинон гардид. Ҳадафи намоиш муаррифии ҳунару фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон ва тавсеаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Фаронса мебошад.
http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=28488