Далер Миҳтоҷов соли 1976 дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсили ибтидоияшро дар зодгоҳаш гирифта, солҳои 1992- 2001 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов таҳсил кардааст. Соли 2006 Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии фарҳангии шаҳри Москва такмили ихтисос намудааст. Фаъолияти корияшро аз соли 2007 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ба ҳайси омӯзгори фанни “тарроҳӣ ва ороишгарӣ” оғоз намуда, то ба имрӯз кор мекунад.
Бо телевизион, театр ва кино ҳамкории пурсамар дошта, дорои зиёда аз 50 мафҳумҳои муаллифии ороиши барномаҳои телевизионӣ ва консертҳои давлатист. Рассом- таҳиягари филмҳои “Қиёми рӯз” (коргардон Н. Саидов), “Имом Абӯ Ҳанифа” (коргардон А. Зокиров), “Муҷассамаи ишқ” (коргардон У. Мирзоширинов), “Умед ба адолат”, “Сафари ҳавоӣ” (коргардон Д. Раҳматов), “Гунҷишки сафед” “Бункер” (Д. Султонов) ва ғ. мебошад.
Дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар Туркия, Чин, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия баргузор шудаанд, ширкат намудааст.
2008- Аввалин намоиши шахсӣ дар осорхонаи ба номи К. Беҳзод (Душанбе, Тоҷикистон);
2009- Намоиши шахсӣ дар дафтари Швейтсария (Душанбе, Тоҷикистон);
2010- Намоиши шахсии муштарак дар шаҳри Анқара (Туркия);
2011- Озмун дар дафтари Шветсария таҳти унвони “Санъат бар зидди коррупсия” дар гурӯҳи рассомони касбӣ, ҷойи аввал (Душанбе, Тоҷикистон);
2013- Намоиши шахсӣ таҳти унвони “Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?” дар Осорхонаи миллӣ (Душанбе, Тоҷикистон);
2014- Намоиш дар ноҳияи Хуросон (Вилояти Хатлон, Тоҷикистон);
2015- Намоиши шахсӣ дар МГИК ва Хонаи миллатҳо (Федератсияи Россия);
2015- Намоиши шахсӣ дар меҳмонхонаи “Серена” (Душанбе, Тоҷикистон);
2016- Озмуни байналмилалии “Дунё. Қувват. Одам”, ҷойи 2- юм (Остона, Қазоқистон);
2016- Намоиши шахсии “Гулбоғи Хайём” дар Осорхонаи миллӣ (Душанбе);
2017- Намоиши шахсии “Сири кӯзаҳо” (Москва, Федератсияи Россия);
2018- Намоиши шахсии “Парвози кӯзаҳо” (Москва, Федератсияи Россия);
2018- Намоиши шахсии “Хати сурх” дар меҳмонхонаи “Серена” (Душанбе);
2019- Намоиши павилони Тоҷикистон дар ЭКСПО- 2019, ҷойи 1- ум (Пекин, Ҷумҳурии мардумии Чин);
2020- Намоиши шахсии муштарак дар шаҳри Кипр (Туркия);
2021- Намоиши вертулӣ дар сомонаи интернетии “Роҳи сурх”
Далер Миҳтоҷов аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асарҳояш дар Осорхонаи миллӣ ва коллексияҳои шахсӣ дар Тоҷикистон, Россия, кишварҳои Аврупо, Туркия, Чин ва ИМА мавҷуданд.
Discussion about this post